Таҳқиркунандаи гӯри фавтидагон аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид
ДУШАНБЕ, 03.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти як нафар сокини ноҳияи Бохтар, ки дар ҷинояти таҳқири ҷасади фавтидагон ва гӯри онҳо гумонбар мешавад, хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини ноҳияи Бохтар, марди 22-сола, бо гумони содир намудани ҷинояти таҳқири ҷасади фавтидагон ва гӯри онҳо дастгир гардид.
Номбурда шаби 21 апрели соли равон ба қабристони деҳаи Хурсандии ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Бохтар омада, аз 27 адад навиштаҷоте, ки дар сангҳои мармар ва қисман дар тунукаҳо дар болои қабри фавтидагон барои ёдбуд гузошта шуда буданд, 14 ададро шикаста, 13 адад нишонаро қисман корношоям кардааст.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






