Таҷлили Ғалабаи бузург дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Май 8, 2017 16:55

ДУШАНБЕ, 08.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи  Иди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941-1945), ки 9 май таҷлил мегардад,  роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»  12 нафар  ҷанговарони интернатсионалистро, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фаъолият доранд,  ҳавасманд гардонид.

Назар ба иттилои Ҷамила Ҳусейнова, котиби матбуоти Фурудгоҳи байналимилалии Душанбе, ин иқдом  дар доираи таҷлил аз  72-юмин солгарди  Ғалаба бар фашизм ва  қадр намудани  корнамоию  мардонагии  родмардони Ватан дар набардҳо баҳри  таъмини ҳаёти осоишта ва пойдории сулҳ андешида шудааст.

Ба ҷанговарони интернатсионалист  аз ҷониби роҳбарияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» туҳфаҳои  хотиравӣ ва дар ҳаҷми 700 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.

Дар ҷамъомади тантанавӣ  инчунин тарбиятгирандагони боғчаҳои пойтахт  бо шеъру сурудҳо, ки тараннумгари дӯстӣ, бародарӣ, садоқат ба Ватан ва  далерию шуҷоатмандӣ  буданд, ҳунарнамоӣ намуданд.

 

Май 8, 2017 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид