Таҷлили Соли ҷавонон ва Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб
ДУШАНБЕ, 23.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. 19 майи соли равон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Консулгарии генералӣ дар Дубай гиромидошти Соли ҷавонон ва 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Аморати Дубай таҷлил гардид.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд, дар ҳамоиш донишҷӯён, ҷавонон ва тоҷикони муқими АМА иштирок намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар АМА Баходур Шарифӣ аҳамияти ин санаи тақдирсоз, яъне 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро бори дигар таъкид намуда, аз кӯшишҳо ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба сулҳу ваҳдати пойдор ёдовар шуд. Инчунин Сафир ҷавононро ба ватанпарастию ватандӯстӣ даъват намуда, ҳидоятҳои Сарвари давлатро дар бораи он, ки ба ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ ва тундгаро пайваст нашаванд ва ҳамеша барои ободии Ватани маҳбубамон саъю талош намоянд, таъкид намуд.
Барои гузаронидани ҳамоиш аз Тоҷикистон роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Армуғони сулҳ» шоираи ватансаро Хосият Вализода ва Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон сарояндаи маъруф Тобиш Ҳилолӣ даъват шуда буданд.
Дар ҳамоиш ба иштирокдорон филми мустанад дар бораи Ваҳдати миллӣ намоиш дода, сурудҳо дар васфи Ватан сароида шуданд.









Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






