Тақсимоти мутахассисони ҷавон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 01.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Таъмини мақомоти давлатӣ бо кадрҳои ҷавону ҷавобгӯи талаботи замони муосир, хусусан мутахассисоне, ки дорои ҳулқу атвори ҳамида ва ҳисси баланди ватандӯстианд, дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад,- зикр шуд дар маросими тақсимоти давлатии мутахассисони ҷавон, ки дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар ҷамъомад таъкид шуд, ки қисми бештари аҳолии кишварамонро ҷавонон ташкил дода, онҳо давомдиҳандагони фаъолияти калонсолон, неруи созанда ва иқтидори воқеии рушду пешрафти кишварамон мебошанд.
Хатмкунандагони факултаи ҳуқуқшиносӣ, ки номзад ба гирифтани дипломи аълочӣ ҳастанд ва тӯли 5 сол дар гурӯҳи буҷавии донишгоҳ таҳсил намудаанд, ба намояндагони вазорату идораҳои мамлакат муаррифӣ гардида, барои дар мақомоти гуногуни давлатӣ ба кор ҷалб шудан роҳхат гирифтанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2017, ки аз ҷониби Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон гардидааст, тақсимоти давлатии мутахассисони ҷавон дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иқдоми некест дар роҳи таъмини мақомоти давлатӣ бо кадрҳои лаёқатманд. Тақсимоти давлатии мутахассисони ҷавони факултаи ҳуқуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ барои кор дар мақомоти давлатӣ ҳамасола ба таври анъанавӣ гузаронида мешавад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






