Талошу пайкори фарзандони баору номуси тоҷик намунаи ибрат барои наслҳои имрўзу оянда аст

Май 9, 2017 09:00

ДУШАНБЕ, 09.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 72-юмин солгарди Иди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳамоиши ботантана баргузор гардид.

Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷират ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода  иброз дошт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Рўзи ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корнамоиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошгти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набард барнагаштаанд, таҷлил мекунанд.

«Ғалаба бар фашизм бори дигар собит сохт, ки падарону бобоёни мо бо шуҷоату мардонагӣ, ватандўстиву матонат бар зиди зулму истибдод ва асорату бандагӣ муборизаи беамон бурда, барои таъмини ояндаи орому осоиштаи инсоният ҷоннисориҳо кардаанд»,-илова намуд сардори хадамот.

Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз мудҳиштарин фоҷеаҳои башарият буда, дар он дар қатори дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шўравӣ Тоҷикистон низ бо маҳрумиятҳову машаққатҳои зиёд рў ба рў гардид ва талафоти гарон дод.

Қариб 300 ҳазор фарзандони бонангу номус ва шарафманди Тоҷикистон ба ҷабҳа рафта, аз онҳо 100 ҳазор нафарашон дар арсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид гаштанд.

«Мо хотири неки онҳоро ҳамеша пос медорем ва ба некӣ ёд мекунем. Зеро бо гузашти солҳо арзиши муборизаҳои абармардони ҷабҳаи ҷанг дар қалбҳои мо боз ҳам равшантар ва барои наслҳои ҷавон сабақи зиндагӣ мегардад. Бинобар ин, талошу пайкори диловаронаи фарзандони баору номуси халқамон барои наслҳои имрўзу оянда ҳамеша чун намунаи ибрат боқӣ хоҳанд монд»,-зикр намуд Тоҳир Каримзода.

 

Май 9, 2017 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид