Ташкили корвони «Модарони ваҳдатсаро» бахшида ба ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Май 29, 2017 17:13

ДУШАНБЕ, 29.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо ҷалби зиёда аз 100 нафар занону бонувони ҷумҳурӣ   вориди шаҳри Ваҳдат   гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба корвони мазкур   сардорони Раёсат ва мудирони шуъба ва бахшҳои  кор бо занон ва оилаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, намояндагони  Шӯрои занони сулҳовар ва шунавандагони курси «Мактаби духтарони сарвар»  шомиланд.

Бояд зикр намуд, ки ҳайати корвон дар 5 ҷамоати шаҳри Ваҳдат, аз ҷумла, дар ҷамоатҳои деҳоти «Чӯянгарон», Б.Бурунов, «Гулистон» ва қисми низомии воқеъ дар шаҳраки ба номи  Нуъмон Розиқ суҳбату вохӯриҳо доир намуда, оид ба хизматҳои шоистаи Сарвари давлат, тарғибу ташвиқи дастовардҳои 20 соли Ваҳдати миллӣ, пойдории сулҳу субот дар кишвар ибрози ақида карданд.

Инчунин   бахшида ба ин рӯз дар  қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат бо иштироки зиёда аз 400 нафар фаъолони шаҳр  бо ҷалби васеи ҷавонон дар мавзӯи «Нақши занон дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор карда шуд.

 

 

Май 29, 2017 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид