То соли 2020 аз Тоҷикистон як миллион сайёҳ боздид намуда, 10 ҳазор нафар мутахассиси бахши сайёҳӣ омода мегарданд

Май 31, 2017 16:35

ДУШАНБЕ, 31.05.2017/АМИТ «Ховар»/.  Интизор меравад, ки аз Тоҷикистон то соли 2020 як миллион нафар сайёҳ боздид намоянд ва барои рушди сайёҳӣ 10 ҳазор нафар мутахассис дар кишвар омода карда шаванд». Ин нуктаро муовини  аввали  раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода имрӯз  дар Парлумони кишвар зимни муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», ки вакилони Маҷлиси намояндагон онро баррасӣ ва қабул намуданд, баён дошт.

Зикр шуд, ки қонуни мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди сайёҳӣ дар кишвар таҳия гаридааст. Ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоид ва  муосири ҳуқуқӣ барои рушди иқтисодиёти миллӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон аст. Дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» таҷрибаи қонунгузорӣ ва амалии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти сайёҳӣ, назири Амрико, Чин, Ҷопон, Ирландия   мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки даромад аз  бахши сайёҳӣ дар сатҳи ҷаҳон баъд аз нафт ва маводи доруворӣ ҷои сеюмро ишғол намуда, 30 %-и  содироти хизматрасониро ташкил медиҳад. Танҳо дар соли 2015 дар миқёси ҷаҳон ташрифи сайёҳон 4 фоиз афзоиш ёфта, ба 1,2 млрд. нафар расид ва  даромади умумии  давлатҳо ба $1,5 трлн. баробар гардид, ки ҳудудан 10 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» дар кишвар дар ҳолест, ки аъзои Хукумати мамлакат 26 май  дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон дар асоси пешниҳодҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон  ба Парлумон кишвар таъкид гардида буданд, соли равон ба кодексҳои андоз ва гумруки кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки тибқи  он дар Тоҷикистон  ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли  аввали фаъолияташон аз пардохти андоз озод карда шуданд.

Инчунин техникаю таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонии барои иншооти сайёҳӣ воридшаванда низ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод гардиданд.

Май 31, 2017 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад