Трансформатори пуриқтидор ба Норак расид

Май 29, 2017 16:29

ДУШАНБЕ, 29.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. 28 майи соли равон трансфарматори дорои иқтидори 450 мегаволт-ампер, ки вазни умумияш 214 тоннаро ташкил медод, ба неругоҳи барқи обии «Норак» расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» хабар доданд, ин таҷҳизоти муҳими энергетикӣ дар доираи лоиҳаҳои таҷдид ва барқарорсозии НБО-и Норак, ки бо дастуру ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2006 оғоз ёфта буд, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Германия ва Франсия дар шаҳри Гебзеи Туркия сохта шудааст. Мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик», Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика ва  НБО-и Норак чанд маротиба ба ин корхона сафар намуда, дар якҷоягӣ бо мутахассисони ширкати пудратчӣ-Ширкати «Алстом» трансфарматорро аз озмоиш гузарониданд. Озмоиши асосии он моҳи сентябри соли 2015 гузаронда шуда, раванди таҳвили он аз Туркия ба Тоҷикистон аз ҳамон давра оғоз ёфт. Ширкати туркии «Ибракон» таҳвили онро ба уҳда гирифта, инак бомуваффақият анҷом дод.

Бояд зикр намуд, ки васли ин таҷҳизот имконият медиҳад, ки агрегати 8-уми неругоҳ, ки аллакай чархи кории он иваз шудааст, пурра таҷдид гардад ва неругоҳи бузурги мо дар доираи иқтидори лоиҳавӣ аҳолӣ ва хоҷагии халқи мамлакатро бо барқи хушсифат таъмин намояд.

Дар таърихи НБО-Норак, ки агрегати якуми он соли 1972 ва агрегати охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст, таҳвил ва васли  трансформатори 450 мегаволт-ампер рӯйдоди нахустин ба шумор меравад. Пештар дар неругоҳ ивази трансформаторҳо аз ҳисоби захираи дохилӣ амалӣ мегашт.

Ҳафтаҳои наздик насби трансформатор оғоз меёбад.

Май 29, 2017 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид