Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 4 медал ба даст оварданд

Май 23, 2017 10:00

ДУШАНБЕ, 23.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони кишвар дар Бозиҳои 4-уми ҳамбастагии исломӣ дар намуди варзишҳои зӯрхонаӣ соҳиби 4 медали биринҷӣ шуданд. Наврӯз Арабов дар намудҳои санг ва мили сангин ду медал, Назаралӣ Абдуалӣ дар намуди чархи чаманӣ ва Исмоил Сангов дар намуди каббода якмедалӣ ба даст оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Бозиҳои 4-уми ҳамбастагии исломӣ 12 май шурӯъ гардида буданд. Дар он Озарбойҷон – мизбони бозиҳо  то 21 май 154 медал (75 тилло, 46 нуқра, 33 биринҷӣ) ба даст оварда, дар ҷадвали ҳисоби медалҳо дар ҷои аввал аст. Мақоми дуюмро дастаи мунтахаби Туркия бо ба даст овардани 185 медал (68 тилло, 63 нуқра, 54 биринҷӣ) ва ҷои сеюмро дастаи мунтахаби Эрон бо 90 медал (31 тилло, 26 нуқра, 33 биринҷӣ) ишғол кардаанд. Ӯзбекистон (15, 17, 30) дар мақоми чорум, Баҳрайн (12, 5, 4) дар мақоми панҷум ҷой гирифтаанд.

Дар маҷмӯъ, варзишгарони 26 давлат ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта,  39 давлат соҳиби медал шудаанд.

Тавре иттилоъ stop-any-disease.com, дар Бозиҳои 4-уми ҳамбастагии исломӣ қариб 3000 варзишгар аз 54 давлат дар 21 намуди варзиш барои 269 маҷмӯи медалҳо рақобат карданд.

Аз кишвари мо дар ин бозиҳо 29 варзишгар аз рӯи 7 намуди варзиш ширкат намуданд.

 

Май 23, 2017 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад