Вазири корҳои дохилии Россия: «Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Россия ва Тоҷикистон тақвияти бештар меёбад»
ДУШАНБЕ, 17.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. 15-16 май дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсев ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамкории байни сармарказҳои иттилоотии вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсев зимни ҷаласа зикр кард, ки «ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Тоҷикистон рӯз аз рӯз тақвият ёфта, дар доираи ҷаласаи Мушовараи якҷоя боз ҳам таҳким меёбанд».
Дар идомаи ҷаласаи Мушовараи якҷоя Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки «бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо танҳо дар якҷоягию ҳамбастагӣ метавон муборизаи беамон бурд. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамкории зич дошта, корҳои муштаракро роҳандозӣ ва амалӣ менамоянд».
Дар анҷоми ҷаласаи Мушовараи якҷоя Нақшаи кории вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 аз ҷониби вазирони ҳарду кишвар тасдиқ гардида, дар доираи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ дар интиҳои ҷаласа Вазирони ҳарду кишвар баромад намуда, аз натиҷаҳои ба дастомада изҳори қаноатмандӣ карданд.








КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






