Ветерани тоҷик «Шаҳрванди ифтихории Қирғизистон» гардид

Май 6, 2017 11:10

ДУШАНБЕ, 06.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳотамҷон Умаралиев ягона тоҷик миёни иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар сарзамини Қирғизистон мебошад, ки  72-юмин солгарди  ҷашни Ғалабаро таҷлил менамояд.

Ба иттилои Қодиршои Мурувват, муовини раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, дар арафаи Рӯзи Ғалаба ин ҳамватани мо бо унвони  «Шаҳрванди ифтихории Қирғизистон» сарфароз гардонида шуд. Чунин унвон ахиран аз тарафи Шӯрои Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон таъсис дода шуда, бори нахуст 28 нафар собиқадорони ҶДҶ бо он мукофотонида шуданд.

Қодиршои Мурувват изҳор медорад, ки бинобар дастури Токон Мамитов, мушовири сарвазири Қирғизистон ва раиси Шӯрои Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон ба Ҳотамҷон Умаралиев шаҳодатномаи шумораи 5 ва нишони «Шаҳрванди ифтихорӣ» дода шуд. Дар айни замон ин ветерани тоҷик дар деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷои вилояти Бодканд зиндагӣ мекунад.

Лозим ба зикр аст, ки ҷавонмардони тоҷик дар қатори дигар намояндагони қавму миллатҳои сокини Қирғизистон ба ҷабҳаи ҶДҶ  сафарбар шуда, аз худ ҷасорату  қаҳрамонӣ нишон доданд. Танҳо аз як деҳшӯрои тоҷикнишини Учқӯрғон беш аз 500 тан ҷавонон дар ин ҷанг  ҷони худро аз даст доданд.

Тибқи гузориши Шӯрои ветеранҳои ҷанг, дар Қирғизистон дар ҳоли ҳозир қариб 600 нафар иштирокчиёни ҶДҶ дар қайди ҳаёт боқӣ мондаанд ва дар байни онҳо ҳамватанамон Ҳотамҷон Умаралиеви 94-сола низ қарор дорад.

Май 6, 2017 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид