Ян-Петер Олтерс: «Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳм мегузорад»

Май 18, 2017 08:31

ДУШАНБЕ, 18.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Бонки ҷаҳонӣ барои дар амал татбиқ шудани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳм хоҳад гузошт», — гуфт пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Намояндаи нави доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс.

Ян-Петер Олтерс  таъкид намуд, ки дар ҷараёни мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи оғози марҳилаҳои нави омодасозии стратегияи миёнамуҳлати ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ омода шуда истодааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гуфти Ян-Петер Олтерс,  дар мулоқот масъалаҳои афзалятноки миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат баррасӣ гардиданд, ки яке аз онҳо таъмин намудани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон мебошад. Дигар самти муҳим- ин беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ аст, то бахши хусусӣ тавонад дар амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, истифода ва ворид намудани технологияи нави муосир саҳми худро гузорад.

«Бонки ҷаҳонӣ омода аст, ки бо тамоми мақомоти давлатӣ, бонкҳо ва сохторҳои хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд»,- гуфт дар анҷом Ян-Петер Олтерс.

 

 

Май 18, 2017 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид