14 июн -Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун: дар Тоҷикистон шумораи донорҳо сол то сол зиёд шуда истодааст

Июнь 14, 2017 13:35

ДУШАНБЕ, 14.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола дар ҷаҳон   14 июн ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун таҷлил карда мешавад. Ҳадаф аз гиромидошти он тарғибу ташвиқи хун додан  ба эҳтиёҷмандон ва эҳсоси ҳамдиливу ҳамдардӣ миёни инсонҳои саросари олам аст.

Бояд зикр намуд, ки баргузории ин рӯз ба зодрӯзи кашфкунандаи гурӯҳҳои хуни инсон, табиби австриягӣ Карл Ландштейнер рост меояд, ки он аз 14 июни соли 2005 бо қарори Ассамблеяи байналмилалии тандурустӣ  ба ҳукми анъана даромада аст.

Дар робита ба ин рӯз мухбири АМИТ «Ховар» бо мудири шуъбаи  бригадаи трансфизиологии эҳёи  Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун»-и шаҳри Душанбе Азмиддин Қубиддинов ҳамсуҳбат гардид.

Тавре А. Қубиддинов зикр намуд: «Ҳамасола аз тарафи Марказ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд. Мақсад аз баргузории онҳо ҷалби бештари мардум ва  бисёр намудани донорҳои ихтиёрӣ мебошад. Имсол низ бахшида ба ин рӯз бо шиори «Хун супор, ҳаётро наҷот деҳ!» аз 1  то 24 май аксия гузаронида шуд, ки дар он беш аз 2 ҳазор нафар иштирок намуданд. Сабаби пештар гузаронидани ин рӯз дар он буд, ки  14 июн ба моҳи шарифи Рамазон рост  омад».

Бино ба маълумоти ҳамсуҳбат, аз соли 2010  то инҷониб шумораи донорҳои ихтиёрии бемузд  аз 50 то ба 87 фоиз расидааст, ки ин  дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ   нишондоди хуб ба ҳисоб меравад. «Ҳар шахсе, ки хун месупорад дар организми ӯ бунёди ҳуҷайраҳои нави хун ба вуҷуд меояд, ки он ба саломатии инсон фоиданок аст. Ҳамчунин  хунсупорӣ бемориҳои сироятӣ, ишемикии дил, инсулт, ғафс шудани хун ва дигар бемориҳоро  пешгирӣ менамояд»- зикр намуд А. Қубиддинов.

Номбурда илова намуд: «Дастоварди бузурги ин соҳа наҷоти миллионҳо мардум аз хунравӣ ба ҳисоб меравад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Марказ пурра бозсозӣ шуда, бо таҷҳизоти наву замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Бо мақсади зиёд намудани донорҳо ва бехатар гардонидани ҷузъҳои хунӣ  якчанд барномаҳои давлатӣ амалӣ гашта истодаанд».

Бояд зикр намуд, ки 26 майи соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи донори хун ва ҷузъҳои он»  ба тасвиб расид, ки он муносибатҳои вобаста ба рушди донории хун ва ҷузъҳои онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  танзим намуда, амалӣ гардидани чораҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва тиббии ташкили ҳаракати донорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи донорҳоро таъмин менамояд.

Тибқи моддаи 2 Қонуни мазкур, ҳар шаҳрванди аз 18 то 65 сола, ки дар натиҷаи аз муоинаи тиббӣ гузаштан гирифторшавии ӯ ба бемориҳое, ки зидди нишондоди донорӣ мебошанд, ошкор нашудааст, донор шуда метавонад.   Ба сифати донор шахсоне дониста мешаванд, ки ҳадди аққал ҳар сол як ё ду маротиба хун ва ё ҷузъҳои онро месупоранд. Инчунин дар моддаи  10  ин Қонун омадааст, ки донорҳо дар рӯзи супоридани хун аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор бо хӯроки ройгон таъмин карда мешаванд. Донорҳо ҳуқуқ доранд, ки пас аз супоридани хун бар ивази хӯрок ба андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни пулӣ гиранд. Дар рӯзи супоридани хун ҷузъҳои он ва муоинаи тиббӣ кормандоне, ки донор мебошанд аз ҷониби корхона ва ташкилоту муассиса бо нигоҳдории маблағи миёнаи музди меҳнат ҷавоб дода мешаванд.

Шахсоне, ки новобаста аз собиқаи донорӣ: мардон на камтар аз 20 литр ва занон на камтар аз 15 литр хун ва ё плазма супоридаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ» барои гирифтани унвони фахрии «Донори ифтихории Тоҷикистон» пешниҳод карда мешаванд.

 

Ибодат ДАВЛАТОВА

Июнь 14, 2017 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд