17 июн-Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва хушксолӣ: дар Тоҷикистон «Нақшаи амал алайҳи биёбоншавӣ» татбиқ мегардад

Июнь 17, 2017 11:29

  ДУШАНБЕ, 17.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро  оқибатҳои биёбоншавӣ ва хушксолӣ  ба ташвиш  оварда, он  ба яке аз масъалаҳои  муҳимтарини  башарият табдил ёфтааст. 41 фисади масоҳати кураи Заминро биёбон ташкил дода,  аҳолии ин қисмати сайёра  аз сабаби надоштани шароити мусоид барои зист дар ҳолати фақириву гуруснагӣ умр ба сар мебаранд ва  ҳаёташон  зери хатар қарор дорад.

Тибқи иттилои олимону коршиносони соҳа, ба ҳаёти  1 миллиард одамон, ки дар  сад кишвари ҷаҳон зиндагӣ доранд,    оқибатҳои хатарноки  биёбоншавӣ ва хушксолӣ  таҳдид менамояд.

Бо ҳамин мақсад ҷомеаи ҷаҳонӣ аз соли 1995 сар карда, ҳамасола 17 июнро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва хушксолӣ  ҷашн мегиранд. Ин санаи умумиҷаҳонӣ дар нишасти 49-уми Ассамблеяи Генералии СММ ҳамчун Конвенсияи мубориза алайҳи биёбоншавӣ ва хушксолӣ қабул шудааст.

Муовини сардори Бозрасии давлатии ҷангал ва шикори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон   Шодибек Қурбонов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  доир ба ин мавзӯъ чунин ибрози андеша намуд:

«Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид  алайҳи биёбоншавӣ аз тамоми кишварҳое, ки ба он шомиланд, тақозо менамояд, ки  нақшаҳои амали миллии  дурнамои худро  оид ба идоракунии устувори захираҳои табиӣ, пеш аз ҳама,   истифодабарии  замин, ҷангал, об ва  олами  ҳайвонот барои рушди устувор  таҳия намоянд ва амалишавии онро таҳти назорат қарор диҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ин Конвенсия  12 августи соли 1997 шомил гардида, соли 2001 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Нақшаи  амал  алайҳи биёбошавӣ»-ро қабул намуд,  ки  дар айни ҳол тибқи он  тадбирҳои зарурӣ дар ин самт андешида мешаванд.

Ҳудуди Тоҷикистон аз рўи шароитҳои ботаникӣ -ҷуғрофӣ, релеф, сохти геологӣ, таркиби олами наботот ва ҳайвонот ва хусусиятҳои фишори экологӣ ба музофотҳои табиии Суғду Зарафшон, Тоҷикистони Марказӣ, Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Бадахшони кўҳӣ тақсим мешавад, ки онҳо дар навбати худ боз ба зерминтақаҳо тақсим мегарданд ва  ҳар кадоми онҳо хусусиятҳои хоси истифобарии захираҳои табииро талаб менамоянд.

Роҳҳои эмин нигоҳ доштани  замин аз биёбоншавӣ  ба таҳия ва доир намудани як қатор тадбирҳо марбут аст. Аз ҷумла,  таҳия ва татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии бодхўрӣ дар заминҳои обӣ ва лалмӣ,  усулҳои нави паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ, таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани ҳолати шўрзаминҳо, танзими  чаронидани  чорво дар чарогоҳҳои зимистона ва қисман  тобистона бо мақсади пешгирии  таназзули замин, бунёди боғҳо дар кўҳдоманҳо, васеъ намудани майдони дарахтзорҳо бо мақсади пешгирии  бодхўрии  заминҳо,  азнавбарқароркунӣ ва таҷдиди ҷангалзорҳо, бунёд намудани минтақаҳои муҳофизатӣ дар қад-қади шоҳроҳҳо ва гирду атрофи заминҳои кишоварзӣ аз қабили ҳамин гуна тадбирҳо мебошанд.

Саҳми хоҷагии ҷангал дар пешгирии биёбоншавӣ калон аст.  Барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ дар доираи «Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 2009- 2019» аз ҷониби муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангал  ҳамасола дар масоҳати 2000 га ҷангалҳои нав бунёд карда мешаванд. Танҳо дар ду — се соли охир, солҳои 2015- 2017  бо ҷалби ташкилоти байналмилалӣ дар  вилоятҳои Суғду  Хатлон  ва ВМКБ   дар майдони  4068 га  ҷангалзорҳо бунёд гардидаанд.

Вобаста ба ин масала соли дуюм аст, ки бо маблағгузории Бонки Рушди Олмон (KFW)  лоиҳаи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тавассути ҷангалпарварии устувор дар ҳавзаҳои муҳими обҷамъкунии дарёҳо дар Тоҷикистон» дар Муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияҳои Фархор (мавзеъҳои Кокул, Ваҳдат), Ховалинг (мавзеъҳои Шейхон ва Карнайчӣ),   ВМКБ (минтақаҳои ҷангалпарварии Бартанг, Ванҷ, Шуғнон, Рошқаъла, Ишкошим ва Қаълаи Хумб) бо маблағи умумии 8,0 миллион евро фаъолият мавриди татбиқ қарор дода шудааст. Соли гузашта дар доираи тадбирҳои лоиҳаи мазкур дар хоҷагиҳо дар масоҳати 719 гектар ҷангалзори нав бунёд гардида, асосан ниҳолҳои дарахтони писта, чормағз, зардолу, ангат, санҷид, хуч ва дигар намуди дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан шинонида шудаанд, ки айни замон сабзиши онҳо аз 70 то 90 % -ро ташкил медиҳанд.

Дар ҷумҳурӣ дар дигар самтҳо низ, аз ҷумла бодхўрӣ дар заминҳои обӣ ва лалмӣ, усулҳои нави паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ, беҳтар намудани ҳолати шўрзаминҳо, танзими  чаронидани  чорво дар чарогоҳҳои зимистона ва қисман  тобистона алайҳи биёбоншавӣ ва хушксолӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд.

                                                                                                                                                                 Рухсораи НУР

Июнь 17, 2017 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд