6 июн-Рӯзи байналмилалии забони русӣ: дар Тоҷикистон алоқамандони омӯзиши забони русӣ ҳамасола меафзоянд
ДУШАНБЕ, 06.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2011 инҷониб дар аксари мамлакатҳо 6 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони русӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн ба рӯзи таваллуди нависанда, шоир ва драматурги шинохтаи рус А.С. Пушкин рост меояд. Забони русӣ яке аз 6 забони расмии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
Зимни яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда буданд: «Забони русӣ барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад. Дар Конститутсияи кишвар ба он мақоми забони муоширати байни миллатҳо дода шудааст. Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русиро тасдиқ кардааст. Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст ва онро дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии кишвар, шурӯъ аз синфи дуюм меомӯзанд».
Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон дар ҷумҳурӣ 29 муассисаи таҳсилоти умумии бо забони русӣ фаъолияткунанда мавҷуданд, ки дар онҳо 17 ҳазору 332 нафар талаба ба таълим фаро гирифта шудаанд. Инчунин дар мамлакат 149 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо таълим ба забонҳои гуногун ба роҳ монда шудааст.
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон аз нахустин рӯзҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити давлатдории навин барои рушди забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Зеро дар Тоҷикистон алоқамандони омӯзиши забони русӣ ҳамасола меафзоянд ва теъдоди нафароне, ки ба омӯхтани ин забон майлу рағбат доранд, бештар мегардад»,- иброз дошт номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забон ва адабиёти ҷаҳони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Гулрухсор Абдулоева.
Мавсуф иброз дошт, ки баҳри омӯзиши забони русӣ шурӯъ аз соли 2003 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014» тасдиқ гардид, ки он аз 26 банд иборат буд. Баъд аз анҷом ёфтани Барномаи мазкур марҳилаи дуюми «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикитон барои солҳои 2015-2020» аз сари нав таҳия гардид, ки он аз 24 банд иборат аст.
«Мо дар донишкада на танҳо омӯзгорони забону адабиёти рус тайёр мекунем, инчунин дар ин ҷо тарҷумонҳои забони русӣ, ҳуҷҷатшиносон ва забоншиносон низ омода карда мешаванд. Бояд зикр намоям, ки бештари донишҷӯён барои таҳсил аз деҳот меоянд, ки дар ин самт мушкилот зиёданд. Мушкилии асосӣ он аст, ки вақте донишҷӯ баъд аз хатми мактаби деҳот ба таҳсил меояд, ӯ бе заминаи забондонӣ меояд, яъне дар баъзе мактабҳои деҳот омӯзиши забони русӣ хуб ба роҳ монда нашудааст. Бо чунин донишҷӯён кор кардан барои омӯзгорон мушкилӣ пеш меорад, аммо ба ин нигоҳ накарда омӯзгорони мо, ки аксарашон ботаҷриба ҳастанд, бо донишҷӯён кор мебаранд ва онҳоро ҳамчун мутахассиси варзида тайёр намуда, ба мактабҳои деҳот равона месозанд»,- гуфт Г. Абдулоева.
«Ҳастанд донишҷӯёне, ки баъд аз хатми донишкада ба деҳаҳои худ баргаштан намехоҳанд, зеро ба муҳити шаҳр одат кардаанд. Баъзеи дигар ба муҳоҷират, яъне ба кишварҳои дигар мераванд ва ба ҷои истиқомати худ барнамегарданд. Як гурӯҳи дигар баъд аз хатми донишкада касби худро иваз мекунанд ва намехоҳанд, ки ҳамчун мутахассиси забон ва адабиёти рус дар мактабҳои деҳот фаъолият кунанд. Аз ҳамин сабаб то ҳанӯз дар мактабҳои деҳот ин мушкилӣ вуҷуд дорад. Нарасидани кадрҳои соҳибихтисоси забондон зиёни худро ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ мерасонад. Агар донишҷӯ босавод бошад, барои мо, омӯзгорон низ бо онҳо кор кардан осон аст»,-зикр намуд ҳамсуҳбати мо.
Ба саволи он ки чаро то ҳол дар ҷомеаи имрӯзаи мо тарҷумонҳои варзидаи забони русӣ намерасанд, Г. Абдулоева чунин гуфт: «Дар замони пешрафти босуръати илму техника барои тарҷумони варзида гардидан донишҷӯён бояд бештар китоб мутолиа намоянд, луғат аз ёд кунанд, бо луғатҳои тафсирию этимологӣ кор кунанд. Аммо аз сабаби он, ки муҳтавои ҳама чиз дар шабакаҳои интернетӣ мавҷуд аст, донишҷӯён аз он истифода мекунанду аз хондани китоб даст мекашанд, ки ин барои тарҷумони варзида шудан зиён меорад».
Ибодат ДАВЛАТОВА








Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд
ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст






