Ҳайати дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозӣ бо дастаи Филиппин муайян шуд
ДУШАНБЕ, 07.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии Ҳаким Фузайлов ҳайати асосиро барои бозӣ бо дастаи мунтахаби Филиппин, ки 13 июн дар доираи бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 баргузор мешавад, эълон кард. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Барои бозии мазкур Ҳаким Фузайлов 25 футболбоз: 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват намудааст. Ба дастаи мунтахаби кишвар 7 футболбозе, ки дар дастаҳои аврупоӣ ҳунарнамоӣ мекунанд, шомил гардидаанд. Аввалин маротиба Тоҷикистон ҳимоятгари 32- сола Алесандр Хуберро, ки дар ҳайати дастаи «Франкфурт» ва Бундеслигаи Германия бозӣ кардааст, даъват намуд.
Капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон Нуриддин Давронов, ки дар бозӣ бо дастаи «Ҳуҷанд» ҷароҳат бардошта буд, дар бозӣ бо дастаи Филиппин иштирок карда наметавонад.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Филиппин 13 июн, соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






