Арзишмандтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ

Июнь 15, 2017 10:04

ДУШАНБЕ,15.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Ваҳдати миллӣ —  арзишмандтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ» — таҳти чунин унвон дирӯз бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд, муовини аввали Вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев доир ба арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлол, бахусус Ваҳдати миллӣ изҳори ақида намуд. Мавсуф аз хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани сулҳу Ваҳдат ва посдориву нигоҳ доштани он  ёдовар шуда, ваҳдати миллии тоҷиконро ҳодисаи бемисли таърихӣ номид.

вахдати милли- вазорати маорифСармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм Раҷабалӣ Сангов аз нақши Ваҳдати  миллӣ дар устувории Истиқлолияти давлат андешаронӣ кард. Вай афзуд, ки ваҳдат ва созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷодаи имрӯзу фардои кишварро мунаввар карданд. Пас аз шаш марҳалаи ба даст омадани сулҳу ваҳдат Тоҷикистон тавонист ба сӯйи ободкориҳо ва сулҳу ваҳдати сартосарӣ ноил гардад.

Маърӯзаи ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Тоҷиддин Асомуддинзода ба масъалаи ҳифз ва таъмини Ваҳдати миллӣ дар шароити гуногунандешӣ иртибот дошт. Мавсуф таъкид кард, ки дар замони ба ҳам омадани ақидаҳо ва рушди фарҳангҳо бояд андешаи миллӣ, ки ҳадафаш созандагист, мавқеи намоён дошта  бошад.

Дар ҷамъомад ҳамчунин иштирокдорон атрофи мавзӯъҳои фалсафаи ваҳдат ва адабиёти миллии  тоҷик, Ваҳдати миллӣ – бозёфти арзишмандтарин дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик ва нақши музокирот дар таҳкими Ваҳдати миллӣ андешаронӣ намуданд.

 

Июнь 15, 2017 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид