Ба диққати ронандагон: аз соати 07:00 то 21:00 дар Ваҳдат ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд мешавад
ДУШАНБЕ, 24.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати сокинони кишвар мерасонад, ки 27 июни соли равон дар шаҳри Ваҳдат чорабинии ҷашнӣ вобаста ба таҷлили 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор мегардад. Ҷиҳати таъмини амнияти меҳмонон ва иштирокчиёни ҷашнвора аз соати 07:00 то 21:00 дар шаҳри Ваҳдат ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад.
Тавре аз Раёсати мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд дар ин рӯз аз роҳҳои иловагии зерин истифода баранд. Аз самти минтақаи Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе: Данғара — Қӯрғонтеппа – Душанбе; ағбаи Чормағзак – Ёвон – Душанбе; деҳаҳои Бостон (Эскигузар) – Абдулообод – Карим Исмоил – Мулло Давлат (Телман)-и шаҳри Ваҳдат – х. «Ленинград»-и н.Рудакӣ — Душанбе;
Аз самти водии Рашт ба самти шаҳри Душанбе: деҳаҳои Меҳробод (Қарабулоқ)-и н.Файзобод — Бостон (Эскигузар) – Абдулообод – Карим Исмоил – Мулло Давлат (Телман)-и ш.Ваҳдат – х. «Ленинград»-и н.Рӯдакӣ – шаҳри Душанбе.
Ба зикри манбаъ, ҳамчунин ронандагон метавонанд, аз самти шаҳри Душанбе – ба самти минтақаи Кӯлоб ва водии Рашт: аз х. «Ленинград»-и н.Рӯдакӣ — деҳаҳои Мулло Давлат (Телман) — Карим Исмоил – Абдуллообод — Бостон (Гургхӯрда)-и Ваҳдат; маҳаллаи Обшорон – заводи шифери километри 9-ум — деҳаҳои Мулло Давлат (Телман) — Карим Исмоил — Абдуллообод — Бостон (Гургхӯрда)-и шаҳри Ваҳдат истифода намоянд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






