Ба ифтихори зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ Туркия дар Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ доир менамояд

Июнь 22, 2017 11:02

ДУШАНБЕ, 22.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Туркия тасмим гирифтааст, ки ба ифтихори зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ дар  пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор намояд.

Дар ин робита дар Душанбе зимни мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Алӣ Рифат Кёксал  масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ  байни Тоҷикистон ва Туркия, бахусус чорбиниҳои гуногуни фарҳангӣ дар иртибот ба зодрӯзи Мавлоно Ҷалолдидини Балхии Румӣ баррасӣ гардиданд.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафири Туркия Алӣ Рифат Кёксал иброз дошт, ки дар доираи ҷашнвораи мазкур ташкили барномаи консертӣ бо иштироки ҳунарпешаҳои рақси дарвешии турк, намоиши мусаввараҳои рассоми машҳури Туркия Даря Вар, ки иштирокчии Намоишгоҳи байналмилалии рассомон баҳри сулҳ «Гавҳари Роҳи бузурги абрешим» аст, дар назар дошта шудааст.

Ҳамзамон дипломати турк иттилоъ дод, ки ба ифтихори зодӯзи Мавлоно дар Душанбе баргузории конференсияи муштарак оид ба мероси адабии Ҷалолиддини Балхии Румӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Тоҷикистон ва иштироки насли 22-юми Мавлоно  Эсим Челеби Байру, ки роҳбари Фонди Мавлоно дар Туркия мебошад,   инчунин намоиши ғизоҳои туркӣ дар назар аст.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода гуфт: «Ҷашнвораи мазкур аз ҷониби мардуми тоҷик хеле хуш пазируфта хоҳад шуд, зеро тоҷикон  нисбат ба Мавлоно,  ки шахсияти ҷаҳонист, муҳаббати бузург доранд. Ҳар сол 30 сентябр, ки зодрӯзи Мавлоност, дар Тоҷикистон  Рӯзи Мавлавихонӣ гузаронида мешавад. Инчунин китоби «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно асари маҳбуби ҳар як хонадони тоҷик аст».

Хотиррасон меномоем, ки моҳи декабри соли 2012 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари расмиашон ба Туркия оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румиро дар шаҳри Қуния зиёрат намуда, бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Мавлоно мулоқот ороста буданд.

 

Июнь 22, 2017 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд