Ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи Лейден ва ниҳодҳои таълимии Тоҷикистон муҳокима гардид
ДУШАНБЕ, 10.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. 8 июни соли 2017 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс /Белгия, Нидерланд, Люксембург/ Эркинхон Раҳматуллозода бо Ректор – Президенти Донишгоҳи Лейдени Шоҳигарии Нидерланд, профессор Карел Столкер вохӯрӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи Лейден ва ниҳодҳои пажӯҳишию таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.
Ҳамчунин имконияти ҳамкорӣ бобати мубодилаи донишҷӯёну устодон ва дастрасӣ ба бурсияҳо барои таҳсил дар Донишгоҳи Лейден баррасӣ гардиданд.
Худи ҳамон рӯз вохӯрии Сафир бо Директори иҷроияи Пажӯҳишгоҳи Донишгоҳи Лейден оид ба тадқиқоти минтақавӣ (The Leiden University Institute for Area Studies), профессор Франк Пайк баргузор гардид.
Бояд зикр кард, ки ин Пажӯҳишгоҳ таърих, дин, фарҳанг, забон ва вазъи минтақавии Осиёро меомӯзад.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






