Бахшида ба 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» нашр гардид
ДУШАНБЕ, 23.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Истеъдод» бахшида ба 20 — солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент»-ро нашр намуд. Дар китоби мазкур нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон барои минтақа ва ҷомеаи байналмилалӣ, нақши шахсиятҳои сиёсӣ дар дарёфти сулҳ ва оштии миллӣ, ҳамзамон ташаббусҳои Сарвари давлати тоҷикон дар масъалаи аҳамият ва арзиши бебаҳотарини сарвати табиат – об, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст, мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтаанд.
Тавре аз Маркази матбуоти вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, китоби мазкур аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Асрорӣ Мирзошоҳрух ва Рамазонӣ Давлатов омода шудааст.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






