БДА: ба диққати ронандагони воситаҳои нақлиёт!
ДУШАНБЕ, 19.06.2017./АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 июни соли 2017 дар шаҳри Ваҳдат чорабинии ҷашнӣ вобаста ба таҷлили 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор мегардад.
Бинобар ин, ҷиҳати таъмини амнияти меҳмонон ва иштирокчиёни ҷашнвора аз соати 07:00 то соати 21:00 дар шаҳри Ваҳдат ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад.
Ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд дар ин рӯз аз роҳҳои таворавӣ (объездные дороги) ва иловагии зерин истифода баранд:
Аз самти минтақаи Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе:
— Данғара — Қӯрғонтеппа – Душанбе;
— ағбаи Чормағзак – Ёвон – Душанбе;
— деҳаҳои Бостон (Эскигузар) – Абдулообод – Карим Исмоил – Мулло Давлат (Телман)-и ш.Ваҳдат – х. «Ленинград»-и н.Рудакӣ — Душанбе;
Аз самти водии Рашт ба самти шаҳри Душанбе:
— деҳаҳои Меҳробод (Қарабулоқ)-и н.Файзобод — Бостон (Эскигузар) – Абдулообод –Карим Исмоил – Мулло Давлат (Телман)-и ш.Ваҳдат – х. «Ленинград»-и н.Рӯдакӣ – шаҳри Душанбе;
Аз самти шаҳри Душанбе – ба самти минтақаи Кӯлоб ва водии Рашт:
— х. «Ленинград»-и н.Рӯдакӣ — деҳаҳои Мулло Давлат (Телман) — Карим Исмоил – Абдуллообод — Бостон (Гургхӯрда);
— маҳаллаи Обшорон – заводи шифери километри 9-ум — деҳаҳои Мулло Давлат (Телман) –Карим Исмоил — Абдуллообод — Бостон (Гургхӯрда)-и шаҳри Ваҳдат.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






