Боздошти ноболиғи 14-сола бо гумони дуздии телефон

Июнь 2, 2017 14:55

ДУШАНБЕ, 02.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ноболиғи 14-сола, хонандаи синфи 7-и мактаби миёна, ки дар содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар мешавад, хабар медиҳад.

Тавре аз ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд, ба мақомоти милитсия марди 26-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст, ки рӯзи 31 майи соли 2017, тахминан соати 10:30, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз кисааш 1 адад телефони мобилии тамғаи «Сони РС-4», арзишаш 4000 сомониро дуздидааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 14-сола, хонандаи синфи 7-и мактаби миёна, сокини кӯчаи Н. Қарабоеви пойтахт бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.

 

Июнь 2, 2017 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст