Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 07.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон дидан менамояд. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ хабар дод.
8 июн Дабири кулли СММ ба шаҳри Остона парвоз карда, шоми ҳамон рӯз дар чорабиниҳои бахшида ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок менамояд.
Тибқи барномаи сафар, рӯзи дигар- 9 июн Антонио Гутерриш бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот карда, дар ҷаласаи пленарии СҲШ суханронӣ мекунад.
Рӯзи шанбе, 10 июн Дабири кулл ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карда, он ҷо бо президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев мулоқот менамоянд. Нимаи дуюми рӯз Антонио Гутерриш ба Нукус рафта, он ҷо аз оромгоҳи киштиҳо дар баҳри Арал дидан мекунад.
Сипас, рӯзи якшанбе, 11 июн Дабири кулли СММ ба Бишкек сафар намуда, пас аз мулоқот бо президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев барои иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба ҳаводиси моҳи июни соли 2010 ба шаҳри Ӯш меравад. Расо 7 сол қабл дар ин шаҳр хушунати байниқавмӣ авҷ гирифта буд.
12 июн Антонио Гутерриш ба Тоҷикистон ва 13 июн ба Туркманистон сафар анҷом медиҳад. Мулоқоти ӯ бо президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баргузор мешавад. Дар шаҳри Душанбе Антонио Гутерриш дар Конфронс оид ба рушди устувор суханронӣ намуда, дар шаҳри Ашқобод дар муколамаи сатҳи баланд бахшида ба татбиқи стратегияи мубориза бо терроризм дар Осиёи Марказӣ иштирок менамояд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд






