Дар Ҳамадонӣ минтақаи маъмурии милитсия ба истифода дода шуд

Июнь 5, 2017 09:30

ДУШАНБЕ, 05.06.2017. /АМИТ«Ховар»/. Дар доираи сафари хизматии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода ба шаҳри Кӯлоб ва бахшида ба таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар ноҳияи Ҳамадонӣ Минтақаи маъмурии милитсия барои нозирони минтақавии шуъбаи ВКД дар ин ноҳия ифтитоҳ гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими кушодашавии Минтақаи маъмурии милитсия сардори қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб Абдусаттор Фатоҳзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳайати шахсӣ ва аҳли ҷамоат иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» ҷиҳати боз ҳам  беҳтар намудани шароити хизматии нозирони минтақавӣ ва боло бурдани нақши онҳо дар таъмини амнияти шаҳрвандон такони ҷиддӣ бахшид.

Ба иттилои манбаъ, бо дастгирии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва мақомоти корҳои дохилӣ ҳамасола садҳо бинову иншоот ва нуқтаҳои такягоҳи милитсия таъмиру таҷдид ва ба истифода дода мешаванд, ки ин барои боз ҳам самаранок фаъолият намудани кормандони милитсия дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.

Июнь 5, 2017 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад