Дар Ашт бинои нави Бахши ҳифзи муҳити зист мавриди истифода қарор гирифт

Июнь 6, 2017 09:54

ДУШАНБЕ, 06.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Дар ноҳияи Ашт бинои нави Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия мавриди истифода қарор гирифт. Дар расми ифтитоҳи он раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд  Темурҷон Нуъмонзода ва раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо иштирок намуданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд, зимни мавриди ба истифода додани бинои Бахши ҳифзи муҳити зист Хайрулло Ибодзода иброз дошт, ки «бинои мазкур барои дар фазои хуб фаъолият бурдани кормандони ин ниҳод шароити мусоид фароҳам меорад, зеро Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт дар сатҳи ҷумҳурӣ яке аз бахшҳои беҳтарин маҳсуб меёбад».

Ба зикри манбаъ, бинои хуштарҳу замонавии Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо харҷи 460 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 100м2  бунёд гардидааст. Бино дорои маҷлисгоҳ ва 6 ҳуҷраи корӣ мебошад. Лоиҳаи бино аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд маблағгузорӣ шудааст.

 

Июнь 6, 2017 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад