Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз… 15 июн-Рӯзи умумиҷаҳонии паҳн намудани иттилоот оид ба сӯииистифода дар муносибат ба калонсолон

Июнь 15, 2017 14:21

         ДУШАНБЕ, 15.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бинобар омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, тақрибан  аз 4 то 6 фоизи калонсолон дар ҷаҳон дар муҳити хонаводагӣ ба азобу уқубат ва  хушунат рӯ ба рӯ буда, ин омил ба рӯҳия ва саломатии пиронсолон таъсири манфӣ расонида, онҳоро аз ҳаёт дилсард мегардонад. Муносибати дурушт ва сарди атрофиён ба калонсолон ҳамчун яке аз падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ ва масъалаи муҳими ҳалношуда дар ҷаҳони  муосир ба шумор меравад. Ин аст, ки 6 сол муқаддам, аниқтараш  соли 2011 Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид /СММ/  15 июнро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии паҳн намудани иттилоот оид ба сӯииистифода дар муносибат ба калонсолонро эълон кард.  Ин сана, қабл аз ҳама, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ва ҷилавгирии калонсолон аз хушунат, муносибати сарди атрофиён ва оила,  инчунин фароҳам овардани шароти мусоиди иҷтимоӣ барои насли калонсол нигаронида шудааст. Мушкилоте, ки пиронсолон ба он мувоҷеҳ мешаванд,  ҳамчун  як тамоюли муҳим дар сатҳи ҷаҳон  арзёбӣ гардидааст. Зеро бинобар оморҳо  интизор меравад, ки то соли 2025  дар ҷаҳон шумораи шахсони синни аз 60 боло  афзоиш ёфта, ба 1,2 миллиард нафар  баробар гардад.

Афзоиши шумораи насли калонсол дар дунё аз ҷомеаи ҷаҳон тақозо менамояд, ки нисбат ба онҳо, хусусан ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои  онҳо бетафовутиро раво набинанд, балки барои  ҷилавгирии онҳо аз хушунати хонаводагӣ, муносибати сарду дурушти атрофиён, инчунин пешниҳоди кумакҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ муҳайё сохтани зиндагии шоиста барои онҳо тадбирҳои судманд андешанд, зеро эҳтиром ба пирон  ҷузъи таркибии бисёре аз ҷамъиятҳо ва тамаддуни ҷаҳонист.

Дар Тоҷикистон, ки дорои ҷомеаи суннатист мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки бархе аз фарзандони болиғ нисбат ба волидайни  худ беэҳтиромӣ ва муносибати сарду хушунатборро раво дида,  аз парастории онҳо  саркашӣ менамоянд ва волидайни худро дар айёми  пирӣ ба хонаҳои  калонсолон бурда,  дар тарбияи давлат мегузоранд.

Гулбахор Ашурзода -вакили МН МО«Дар асоси моддаи 34 –и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд»,-гуфт дар суҳбат ба хабарнигори «АМИТ «Ховар» узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор  Ашӯрзода. Инчунин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон   ин меъёр пешбинӣ шудааст.

Вакили Маҷлиси намояндагон афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба пиронсолон, шахсони яккаву танҳо, маъюбон  ва дар маҷмӯъ табақаҳои ниёзманди аҳолӣ доимо ғамхорӣ зоҳир намуда, барои онҳо дар марказҳои махсус, хона –интернатҳо тамоми шароити мусоидро фароҳам овардааст, то онҳо хуро яккаву танҳо эҳсос накунанд.  «Омори расмӣ далели он аст, ки солҳои охир ба хона- интернатҳо, ки шумораашон дар ҷумҳурӣ ба 10 адад мерасад,  супоридани  шахсони пиронсол зиёд мегардад. Алҳол дар хонаҳои калонсолони  ҷумҳурӣ беш аз 1300  нафар шахсони синнашон аз 60 боло нигоҳбонӣ карда мешаванд»-, мегӯяд Гулбаҳор Ашӯрзода. Ин тамоюл дар ҳоли афзоиш буда, ба суннат ва фарҳанги мо, тоҷикон бегона аст.

Бояд тазаккур дод, ки дар моддаҳои  88 ва 89-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  омадааст, ки  агар  падару модар дар масъалаи аз нигоҳбонӣ саркашӣ намудани фарзандонашон ба суд муроҷиат намоянд, дар ин ҳолат аз ҳамаи фарзандон барои таъминоти  моддии онҳо маблағи муайян ситонида мешавад. Агар фарзандон таъйиноти судиро иҷро накунанд, нисбат ба онҳо дар марҳилаи аввал корҳои ислоҳӣ бурда шуда ва баъдан ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки солҳои пешин тамоюли ба хона-интернатҳо супоридани пиронсолон аз ҷониби фарзандон кам буд. Асосан ба хона-интернатҳо касонеро месупориданд, ки  бесоҳиб буданд. Мутаассифона,  ин раванд солҳои охир афзоиш ёфтааст. Фарзандони болиғ набояд фаромӯш созанд, ки нигоҳубин намудани падару модар дар айёми пиронсолӣ қарзи муқаддаси  ҳар як фарзанд аст, зеро падару модар бо умед фарзанд ба дунё оварда, ба камол мерасонад, ки фардо такягоҳ ва асои дасташон гарданд, на бо бераҳмию бешарафӣ аз баҳри волидайни худ гузашта, онҳоро бурда  ба хона-интернатҳо гузоранд. Ин гуноҳест азим.

 

                                                                         Марзия САИДЗОДА

 

Июнь 15, 2017 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «ACIBADEM» ифтитоҳ гардид