Дар Боку байни мақомоти гумруки Тоҷикистону Ӯзбекистон санадҳои ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид
ДУШАНБЕ, 14.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку ҷаласаи 65-уми Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб ва сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки кишвар Изатулло Зайдуллоев намояндагӣ менамоянд.
Дар ҷаласа роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ масъалаҳои мубрами таҳкими ҳамкорӣ байни хадамоти гумруки кишварҳои ИДМ-ро баррасӣ мекунанд.
Аз Хадамоти гумрук ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки интизор меравад дар ҷаласаи Боку Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ва Протокол оид ба тартиби ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳангоми муқоисаи маълумоти омори гумрукии савдои дутарафа ба имзо расад.
Бояд тазаккур дод, ки дирӯз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ-ро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 65-уми роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои ИДМ ба Боку омадаанд, ба ҳузур пазируфт.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






