Дар Боку байни мақомоти гумруки Тоҷикистону Ӯзбекистон санадҳои ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид

Июнь 14, 2017 13:45

ДУШАНБЕ, 14.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку ҷаласаи 65-уми Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/  баргузор мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Абдуфаттоҳи Ғоиб ва сардори Раёсати  батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки кишвар  Изатулло Зайдуллоев намояндагӣ менамоянд.

Дар ҷаласа роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ   масъалаҳои мубрами  таҳкими ҳамкорӣ байни хадамоти гумруки кишварҳои ИДМ-ро баррасӣ мекунанд.

Аз Хадамоти гумрук ба АМИТ  «Ховар» иттилоъ доданд, ки интизор меравад дар ҷаласаи Боку Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ  ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ва Протокол оид ба тартиби ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки Тоҷикистону Ӯзбекистон  ҳангоми  муқоисаи маълумоти омори гумрукии  савдои дутарафа ба имзо расад.

Бояд тазаккур дод, ки дирӯз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ-ро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 65-уми роҳбарони Хадамоти гумруки  кишварҳои ИДМ ба Боку омадаанд, ба ҳузур пазируфт.

Июнь 14, 2017 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст