Дар Душанбе конференсияи илмӣ-назариявӣ дар бораи дастовард ва дурнамои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо баргузор гардид

Июнь 14, 2017 16:31

ДУШАНБЕ, 14.06.2017 /АМИТ Ховар/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»: дастовард ва дурнамои он дар шаҳри Душанбе» баргузор  гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, конференсия бо ибтикори  Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, кормандони вазорату кумитаҳо, Академияи илмҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону пажӯҳишгарони  соҳа, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, масъулини марказҳои фароғатӣ ва ВАО иштирок доштанд.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси шаҳр Мавсума Муинӣ оғоз намуда, паёми табрикии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро   ба иштирокдорони он расонид.

М. Муинӣ зикр кард, ки дар пойтахт 1086 комиссияи ҷамъиятӣ дар ҳамоҳангӣ бо 5 комиссияи доимӣ  фаъолият доранд, ки дар татбиқи қонуни мазкур  мусоидат менамоянд. Тибқи маълумоти оморӣ аз моҳи июни соли 2007 то  5 моҳи аввали соли 2017 дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз тарафи комиссияҳои доимӣ 14 191 маъракаи хатнасур, 48 005 тӯйи домодию  арӯсӣ, 16 008 маъракаи чил ва 13 585 маъракаи сол ба қайд гирифта шудааст. Барои баргузории ин маъракаҳо 21 988 чорвои калон ва 7 281 чорвои хурд забҳ шуда, шумораи умумии маъракаҳои баргузоршуда зиёда аз 277 миллиону 3 ҳазору 245 сомониро дар бар мегирад.

Татбиқи қонуни мазкур теъдоди тӯйҳои домодию арӯсӣ ва хатнасурҳои хайриявиро афзуд, ки он  чандин оилаҳои камбизоату ниёзманди  пойтахтро  аз хароҷоти барзиёд  озод намуда, боиси беҳ гардидани вазъи молиявиашон гардид. Дар давоми 10 соли сипаригардида 381 адад тӯйҳои домодию арӯсии хайриявӣ ва 5 840 адад хатнасурҳои хайриявӣ барпо карда шудааст.

«Бо вуҷуди  дастовардҳо, ҳанӯз ҳам дар ҳудуди пойтахт ҳолатҳои риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мушоҳида мерасанд. Масалан, агар дар  6 моҳи соли 2016 дар ин самт 42 ҳолати қонунвайрокунӣ ба қайд гирифта шуда бошад, дар 5 моҳи соли 2017 ин рақам ба 80 адад  мерасад. Аз ин рӯ, масъулини ноҳияҳои пойтахтро зарур аст, ки дар ин самт корҳои ташвиқотиро пурзӯр намуда, моҳияти асосии қонунро, ки аз   пешгирии  хароҷоти беҳудаву барзиёд дар ҷашну маросимҳо иборат аст,  ба  сокинони шаҳри Душанбе  фаҳмонанд ва ба риояи қатъии он мусоидат  намоянд», -изҳор дошт М.Муинӣ.

Сипас, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода ва Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатзода    дастовардҳои 10 соли татбиқи   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро  натиҷагирӣ намуданд.

Ҳамчунин дар назди иштирокдорони конференсия  сиёсатмадорону олимон ва коршиносону пажӯҳишгарон  оид ба дастовардҳо ва дурнамои қонуни мазкур бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Аз ҷумла  раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  Абдураҳим Холиқзода, директори Маркази миллии қонунгузорӣ  Маҳмад Раҳимзода, Раиси Суди Конститутсионӣ  Маҳкам Маҳмудзода ва дигарон изҳор доштанд, ки  бо татбиқи  қонуни мазкур  сокинони кишвар имкон пайдо намуданд, ки ба беҳтар кардани шароити зист, бунёди манзилҳои истиқоматӣ, ободу зебо намудани хонаву кошона ва муҳимтар аз ҳама, ба тарбияи фарзандони худ диққати бештар диҳанд.

Дар конференсия ҳамчунин зикр гардид, ки  имрӯз як қатор давлатҳо, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баҳри танзим намудани ҷашну маросимҳои миллиашон аз таҷрибаи Тоҷикистон  истифода бурда истодаанд.

Пас аз музокира  ва суолу ҷавоб  қарор дода шуд, ки  дархосту пешниҳоди  иштирокчиёни конференсия доир ба  ворид намудани тағйироту иловаҳо ба  қонуни мазкур ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ирсол  мегардад.

Рухсораи НУР

Июнь 14, 2017 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино сохтмон ва навсозии 279 иншоот ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи зиёда аз 882 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар мусобиқаҳо соҳиби 1620 медал шуданд
Барои иштирокчиёни Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» дар Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил гардид
Ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои марказии пойтахт муваққатан қатъ мегардад
Душанбе — пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи сайёҳии дунё табдил ёфтааст
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум оғоз гардид
Имрӯз иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад
DITE-2025. Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ Душанбе ба маркази сайёҳии минтақа табдил меёбад