Дар Хатлон озмуни ҳунармандии «Армуғон-2017» ҷамъбаст гардид

Июнь 15, 2017 11:55

ДУШАНБЕ, 15.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон озмуни «Армуғон-2017», ки аз тарафи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон миёни занони ҳунарманди вилоят моҳи марти соли равон эълон гардида буд, дар толори Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъбаст гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, озмун дар доираи Лоиҳаи «Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон» дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шарикони рушд доир гардид.
Ҳадаф аз ташкили он рушди ҳунарҳои миллӣ, эҳёи корҳои дастӣ ва хонагӣ, боло бурдани сифати маҳсулоти ҳунармандӣ, рақобатпазир гаштани онҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва муайяну дастгирӣ намудани беҳтарин занони ҳунарманд мебошад. 300 нафар занони ҳунарманд намунаи беҳтарини маҳсули корашонро барои баҳогузорӣ ба ҳайати комиссия пешниҳод намуда, аз ин 25 нафарашон ҳамчун ғолиб қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамин тавр се нафар ғолиб барои табодули таҷриба ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва панҷ нафар ба саёҳати омӯзишӣ ба вилояти Суғд роҳхат гирифтанд. Ҳамчунин Директори ҶДММ «Озара» Тахмина Каримова ба ҳашт нафар иштирокчиёни озмун, ки сифати маҳсулоташон беҳтар дониста шуд, мошинаи дарздӯзӣ ва дигар туҳфаҳо тақдим намуд. Дар қисмати фарҳангӣ ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа хотири ҷамъомадагонро болида гардониданд.

Июнь 15, 2017 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид