Дар Москва Ҷаласаи якҷояи Шӯрои ҳамкории гуманитарӣ ва Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. 5 июни соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Ҷаласаи якчояи Шӯрои ҳамкории гуманитарӣ ва Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд, ки дар кори он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иштирок намуд.
Тавре аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар қисмати аввали ҷаласаи мазкур қарорҳои кории аъзои Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ ва таҳрири нави нақша барои соли 2017 қабул гардида, аз фаъолияти Хазинаи байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишвархои аъзои ИДМ дар соли 2016 натиҷагирӣ карда шуд.
Сипас ҳисоботи таҳлилӣ доир ба амалисозии лоиҳаҳо дар соли 2016 шунида шуда, шакли ҳисоботдиҳии муҳосибии Хазинаи мазкур дар соли 2016 тасдиқ гардид.
Дар қисмати дуюми ҷаласа фаъолияти ҷории Раёсати Хазина мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гузориши директори иҷроияи Хазина шунида шуда, ҳаҷми маблағҳои пулие, ки дар соли 2016 ба давлатҳои аъзои Созишнома оид ба таъсиси Хазинаи байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ гузаронида шудаанд, муайян карда шуданд.
Дар ҷаласаи якҷоя масъалаи гузаронидани Форуми навбатии зиёиёни эҷодкор ва илмӣ баррасӣ гардид.
Дар охир Нақшаи фаъолияти Хазинаи байнидавлатии ҳамкорихои гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ дар соли 2018, а Нақша-смета ва сметаи нигаҳдории Мудирияти иҷроияи Хазина барои соли 2018, иҷрои супоришҳои Шурои ҳамкориҳои гуманитарӣ ва Раёсати Хазина, мавзуоти гуманитарӣ барои солҳои 2019 ва 2020 дар давлатҳои ИДМ, дурнамои гузаронидани ҷаласаҳои якҷояи Шӯро бо дигар мақомоти Иттиҳод, самаранокии амалисозии чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ баррасӣ ва тасдиқ гардида, пешниҳод оид ба пурра ҳамроҳ кардани Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Хазина маъқул дониста шуд.








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






