Дар ноҳияи Ишкошим коргоҳи адрасбофӣ ба фаъолият шурӯъ намуд

Июнь 21, 2017 10:17

ХОРУҒ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Ишкошим коргоҳи адрасбофӣ ба кор андохта шуд, ки дар баробари истеҳсоли адрас, ҳамчунин 15 нафар аз занону духтарони маҳаллӣ дар ин коргоҳ тарзи бофтани адрасро меомӯзанд.

Роҳбари коргоҳ Зарринҷамол Ғуломносирова ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки чанде пеш бо кумаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ӯро барои аз худ кардани касби адрасбофӣ ба вилояти Суғд фиристониданд. Баъди аз худ кардани нозукиҳои ин касб вақти гусел ба ӯ ду дастгоҳи адрасбофиро туҳфа намуданд.

Зарринҷамол Ғуломносирова баъди бозгашт ба зодгоҳ як биноро ба иҷора гирифта, 15 нафар занҳои хонашинро ба адрасбофӣ ҷалб кард. Ӯ мегӯяд, ки талабот ба матои адрас зиёд аст, аммо азбаски коргоҳ ҳамагӣ ду дастгоҳ дорад,  наметавонад ҳамаи дархости мизоҷонро сари вақт иҷро кунад. Номбурда аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хоҳиш намуд, ки барои дастрас кардани дастгоҳҳои иловагӣ кумак расонад.

Бояд зикр намуд, ки ин бори аввал нест, ки бо дастгирии адрасбофони Суғд дар ВМКБ шуғли адрасбофӣ роҳандозӣ мешавад. Ду сол пеш чунин корхона дар назди Маркази бонувони «Меҳри модар»-и ноҳияи Дарвоз ба кор андохта шуд, ки ҳоло бомаром фаъолият дорад.

Июнь 21, 2017 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид