Дар шаҳри Толятти Рӯзи Ваҳдати миллиро пуршукӯҳ таҷлил мекунанд

Июнь 7, 2017 14:10

ДУШАНБЕ, 07.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Аъзои Ҷамъияти маданӣ-автономии тоҷикони шаҳри Толяттии вилояти Самараи Федератсияи Россия «Ватан»  барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд. Дар ин бора аз Хадамоти  муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикитон хабар доданд.

Бино ба иттилои  раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Толятти Шароф Азимов, «зиёда аз ду ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Толятти ва ноҳияҳои атроф фаъолият доранд,  ҳамасола  Рӯзи Ваҳдати миллиро  дар якҷоягӣ ҷашн мегиранд».

«Бояд тазаккур дод, ки Ҷамъияти маданӣ-автономии тоҷикони шаҳри Толятти 750 нафар аъзо дошта,    аъзои он  аз тамоми гӯшаву канори Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мебошанд. Чунин сарҷамъӣ ба онҳо имконият медиҳад, ки қариб ҳамаи ҷашну маросимҳои миллиро пуршукӯҳ  таҷлил намоянд»,- зикр намуд Ш.Азимов.

Июнь 7, 2017 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст