Дар Суғд 98,5 дарсади кўдакон эм карда шуданд
ДУШАНБЕ, 03.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Дар Рўзҳои миллии иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории сурхча ва гулафшон, ки аз 15 то 26 май гузаронда шуд, дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд 511 ҳазору 435 нафар кўдакони аз 1 то 9 — сола эм карда шуданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидан ва таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Рўзҳои миллии иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамаи шароит фароҳам оварда шуд. Дар вилоят аз ҳисоби табибон, ваксинаторон ва бақайдгирандагон 416 бригадаи эмкунанда фаъолият дошта, рўихати эмгирандагон иборат аз 519 ҳазору 325 нафар мураттаб гардид. Тақсимоти маводи эмгузаронӣ, аз ҷумла, ваксина, сўзандору ва ҳамчунин ҳуҷҷатҳои зарурӣ, фармоиш, нақшаи чорабинӣ, дастурамалҳо ба шаҳру навоҳии вилоят то оғози чорабинӣ анҷом дода шуда буд.
Ба иттилои манбаъ, бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 2 ҳафтаи иловагӣ барои давом додани «Рўзҳои миллии иммунизатсияи иловагӣ» муайян карда шуд. Кўдаконе, ки аз сабаби беморӣ ё дигар омилҳо эм нашудаанд, дар ин муддат эм карда мешаванд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






