Дастаи мунтахаби Эрон бо шикаст додани дастаи Узбекистон ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 13.06.2017./АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Эрон оид ба футбол бо шикаст додани дастаи мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 2:0 қабл аз ду даври боқимондаи бозиҳои интихобӣ ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки тобистони соли оянда дар Россия баргузор мешавад, роҳ ёфт. Дар ин бора «РИА Новости» иттилоъ дод.
Ин бозӣ шоми рӯзи гузашта, 12 июн дар варзишгоҳи «Озодӣ»-и шаҳри Теҳрон баргузор шуд. Тӯбҳоро ба дарвозаи Ӯзбекистон дар дақиқаҳои 23 ва 89 Сардор Озмун ва Маҳдӣ Торамӣ ворид карданд.
Хотиррасон менамоем, ки бозии авали ин дастаҳо дар шаҳри Тошканд низ бо ғалабаи эрониҳо бо ҳисоби 1: 0 ба поён расида буд.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз дастаи мунтахаби футболи Эрон пас аз дастаи Бразилия дувумин даста аст, ки ба Чемпионати ҷаҳон дар Россия роҳхат гирифтааст. Ва ин нахустин бор аст, ки футболбозони Эрон ду сол пайи ҳам ба Чемпионати ҷаҳон роҳ меёбанд.








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






