Дилшод Назаров дар мусобиқаи ҷаҳонии гурзандозӣ дар Германия соҳиби медали нуқра гардид
ДУШАНБЕ, 02.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари маъруфи тоҷик, дорандаи медали тиллои олимпӣ Дилшод Назаров дар мусобиқаи ҷаҳонии гурзандозӣ дар шаҳри Ҳаллеи Ҷумҳурии Федеративии Германия гурзро ба масофаи 77 метру 11 сантиметр ҳаво дода, соҳиби мақоми дуюм ва медали нуқра гардид. Ин аввалин мусобиқаест, ки ӯ пас аз пирӯзӣ дар Олимпиадаи Рио-2016 иштирок кардааст. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Бояд зикр кард, ки дар мусобиқаи ҷаҳонии гурзандозӣ дар шаҳри Ҳаллеи Германия варзишгари Полша Павел Фаҷдек бо натиҷаи 82 метру 31 сантиметр сазовори ҷои аввал ва медали тилло шуд. Ник Миллер аз Британия бо натиҷаи 76 метру 81 сантиметр ҷойи сеюмро гирифт.
Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров соли гузашта дар панҷ даври мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкат карда, бо 236.37 имтиёз дар феҳристи зӯртарин гурзандозҳои ҷаҳон мақоми дуюмро соҳиб гардид. Соли гузашта ӯ дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дода, бо медали тилло сарфароз гашт. Вай барандаи медали нуқраи мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон дар соли 2015 дар шаҳри Пекини Чин мебошад.
«Мусобиқаи асосии имсола Чемпионати ҷаҳон аст, ки аз 4 то 13 август дар Лондон баргузор мешавад. Ман Тоҷикистонро намояндагӣ мекунам. Кӯшиш менамоям, ки медал ба даст биёрам. Дар варзиш пешгӯӣ кардан мушкил аст, аммо умедворам, ки муваффақ мешавам», — гуфт Дилшод Назаров.
Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқоти имсола ҳоло Дилшод Назаров бо 77,11 метр дар даҳгонаи беҳтарин дар ҷойи нуҳум қарор дорад.
Ба рӯйхати се ҷойи аввал Павел Фаҷдек (Полша, 82,31 м), Войтсех Новитски (Полша, 78,54 м) ва Павел Барейша (Булғористон, 78,04 м) дохиланд.









ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






