Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар мусобиқаи маҳорати варзишӣ сазовори ҷойи дуюм гардиданд
ВАҲДАТ, 03.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Муҳаммад Файзиев ва Нозим Одинаев- донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар мусобиқаи маҳорати варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди турниккашӣ ва ҷаҳидан ба дарозӣ сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Дар ин бора Раҳматулло Давлатов, муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва робитаҳои берунии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Мусобиқа бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуд, ки ҳадафи он аз тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон, бахусус донишҷӯён иборат буд.
Масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни ғолибро бо медал ва дипломҳо қадрдонӣ намуданд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






