«Гар шиновар нестӣ, по бар лаби дарё манеҳ!». Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои онҳое, ки шино карда наметавонанд

Июнь 1, 2017 15:41

ДУШАНБЕ,  01.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими оббозӣ шаҳрвандони ҷумҳуриро огоҳ менамояд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар наздикии кўлҳо, ҳавзҳо ва обанборҳо метавонад ба оқибати нохуш- ғарқшавӣ оварда расонад.

Тавре сухангӯи Кумитаи мазкур Умеда Юсупова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, аз сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ ва оббозӣ дар кўлу ҳавзҳо, обанборҳо ва дарёҳо  ҳамасола дар Тоҷикистон одамон ғарқ мешаванд, ки бештарашонро кўдакон ташкил медиҳанд.

Дар робита ба ин барои пешгирӣ ва рух надодани оқибатҳои нохуш бо кўдакон ва калонсолон Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ қоидаҳои зеринро ҳангоми шиноварӣ тавсия медиҳад, ки бо риоя гардидани он метавон аз ҳолати нохуш худро эмин дошт:

         Аксари одамон на аз он сабаб ғарқ мешаванд, ки шиновариро наметавонанд, балки ноогоҳона ба масофаи дуртар шино мекунанд ё тарсида ба воҳима дода мешаванд ва боварии худро аз даст медиҳанд, ки ин боиси ғарқшавӣ мегардад.

         Танҳо баъд аз 1 ё 2 соати хўрокхўрӣ метавонед ба шиноварӣ машғул шавед.

         Шиноварӣ дар ҳавзҳои рўкушодае, ки ҳарорати обаш аз 15 дараҷа паст аст, иҷозат дода намешавад, зеро ҳолатҳои аз ҳуш рафтан ва сармозадагӣ имконпазиранд.

         Дар ҳавзҳо ва мавзеъҳои ношинос набояд оббозӣ кард. Дар зери ин гуна обҳо мумкин аст сангу кундаҳо, оҳанҳо ва арматураҳо бошанд.

          Агар хоҳед ба шиноварӣ машғул шавед, набояд аз соҳил дур шино кунед ва кӯшиш намоед, то аз ҳудуди мавзеи бехатар берун набароед.

Дар мавзеъҳои ботлоқзор ва ё лойқадор оббозӣ кардан мумкин нест. Агар мабодо дар вақти шиноварӣ ба растаниҳои баҳрӣ дармондед, ба воҳима дода нашавед. Аз назди ҳар гуна растаниҳои обӣ ба осонӣ халос шудан мумкин аст. Дар мавзеи растаниҳои зиёд зуд-зуд таваққуф намуда, шино намоед.

          Набояд дар ҳолати мастӣ ба об дароед ва оббозӣ кунед, чун ин амал қатъиян манъ аст.

           Ба ҳеҷ ваҷҳ шўхиомез ва ногаҳонӣ ягон нафарро ба об тела надиҳед, зеро ин шўхӣ метавонад ба марги одамоне, ки ҳассосияташон ба оби хунук баланд аст ва ё шино карда наметавонанд, оварда расонад.

 

 

Июнь 1, 2017 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид