Гурӯҳи корӣ бо вазъи корҳои сохтмонии биноҳои навбунёди шаҳри Хоруғ шинос гардид

Июнь 12, 2017 16:53

ХОРУҒ, 12.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии  раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар аз як қатор иншооти навбунёд дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон дидан намуд.

Боздиди гурӯҳи корӣ  аз  шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар  бинои  маъмурии   ҷамоати шаҳраки  Шириншоҳ Шоҳтемур   оғоз гардид. Бинои мазкур мутобиқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар  рӯзҳои таҷлили иди Ваҳдати миллӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар  ҳамин мавзеъ ҳамчунин  бунёди бинои нави Раёсати маорифи вилоят ва  коллеҷи тиббӣ идома дорад.

Гурӯҳи корӣ ҳамчунин бо вазъи корҳои сохтмонӣ дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ низ шинос гардиданд. Масоҳати бинои навбунёди донишгоҳи мазкур ҳаштуним гектар заминро ташкил медиҳад. Дар баробари бинои таълимӣ дар ин макон хобгоҳ барои устодону донишҷӯён, майдони футбол, ошхона, китобхона ва озмоишгоҳҳои фаннӣ бунёд гардидаанд. Дар бунёди бинои донишгоҳ 17 ширкати сохтмонӣ, аз ҷумла 6 ширкати хориҷӣ иштирок доранд.

Бино ба иттилои масъулин, дар ҳоли ҳозир дар иншоот 632 нафар сохтмончиён машғули кор мебошанд.

Бо дастури Пешвои миллат дар маркази шаҳр таҳкурсии бинои театри мусиқӣ-мазҳакавӣ гузошта шуд, ки дар айни замон корҳои ҳамворкунии замин идома дорад.

Қосим Роҳбар аз бинокорон даъват кард, ки ба сифати кор аҳамияти бештар диҳанд.

Шиносоии гурӯҳи корӣ бо вазъи кор дар биноҳои навбунёди шаҳри Хоруғ _2 Шиносоии гурӯҳи корӣ бо вазъи кор дар биноҳои навбунёди шаҳри Хоруғ _1

Июнь 12, 2017 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд