Гурӯҳи корӣ бо вазъи корҳои сохтмонии биноҳои навбунёди шаҳри Хоруғ шинос гардид
ХОРУҒ, 12.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар аз як қатор иншооти навбунёд дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон дидан намуд.
Боздиди гурӯҳи корӣ аз шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии ҷамоати шаҳраки Шириншоҳ Шоҳтемур оғоз гардид. Бинои мазкур мутобиқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар рӯзҳои таҷлили иди Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар ҳамин мавзеъ ҳамчунин бунёди бинои нави Раёсати маорифи вилоят ва коллеҷи тиббӣ идома дорад.
Гурӯҳи корӣ ҳамчунин бо вазъи корҳои сохтмонӣ дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ низ шинос гардиданд. Масоҳати бинои навбунёди донишгоҳи мазкур ҳаштуним гектар заминро ташкил медиҳад. Дар баробари бинои таълимӣ дар ин макон хобгоҳ барои устодону донишҷӯён, майдони футбол, ошхона, китобхона ва озмоишгоҳҳои фаннӣ бунёд гардидаанд. Дар бунёди бинои донишгоҳ 17 ширкати сохтмонӣ, аз ҷумла 6 ширкати хориҷӣ иштирок доранд.
Бино ба иттилои масъулин, дар ҳоли ҳозир дар иншоот 632 нафар сохтмончиён машғули кор мебошанд.
Бо дастури Пешвои миллат дар маркази шаҳр таҳкурсии бинои театри мусиқӣ-мазҳакавӣ гузошта шуд, ки дар айни замон корҳои ҳамворкунии замин идома дорад.
Қосим Роҳбар аз бинокорон даъват кард, ки ба сифати кор аҳамияти бештар диҳанд.










Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






