Хонандагони тоҷик аз олимпиадаи «GENIUS-2017» 2 медали тилло ва 4 медали биринҷӣ оварданд
ДУШАНБЕ, 19.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 17 июни соли равон дар шаҳри Освего, Ню-Йорки ИМА Олимпиадаи байналмилалии илмии мактабҳои миёна оид ба масъалаҳои муҳит «GENIUS-2017» баргузор гардид, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар хонандагон иштирок намуда, соҳиби 2 медали тилло ва 4 медали биринҷӣ гардиданд.
Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар олимпиада хонандагон аз 73 давлати дунё бо пешниҳоди 791 лоиҳа иштирок карданд. Дар ҷамъбаст бо гирифтани 6 ҷойи ифтихорӣ Парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон баланд бардошта шуд.
Маҳинаи Муҳаммад, Сабрина Давлатова аз Муассисаи давлатии таълимии Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, Анварҷон Раҳимов, Дилшодҷон Абдураҳимов аз Муассисаи давлатии таълимии Литсей-интернати президентӣ барои кўдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Акбарҷон Ҳақдодов, Сомон Гулмаҳмадов аз Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд.
Бояд зикр кард, ки аз аввали соли 2017 хонандагони тоҷик дар 10 олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 87 медал (14 медали тилло, 33 медали нуқра, 40 медали биринҷӣ) гардидаанд.








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






