Илҳом Алиев нақши мақомоти гумруки ИДМ-ро дар рушди иқтисодиёти кишварҳои ИДМ муҳим унвон кард
ДУШАНБЕ, 15.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро /ИДМ/, ки ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи 65 — уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ дар Боку қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.
Президенти Озарбойҷон изҳори қаноатмандӣ намуд, ки дар ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории гумрукии кишварҳои ИДМ баррасӣ гардида, аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул хоҳанд гашт.
Сарвари Озарбойҷон зикр намуд, ки мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ барои рушди кишварҳои Иттиҳод, таъмини даромади буҷет ва тамоюли рушди иқтисодиёти миллии кишварҳои ИДМ нақши муассир мегузорад. Мавриди зикр аст, ки 14 июн дар Боку ҷаласаи 65 — уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа аз Тоҷикистон сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб ва сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ Изатулло Зайдуллоев иштирок намуданд.
Дар ҷаласа роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва расонидани кумаки мутақобила дар фаъолияти гумрукӣ, мубодилаи маълумот барои муайян намудан ва назорати арзиши гумрукии мол дар кишварҳои ИДМ, тартиби ҷорӣ намудани низоми идораи таваккал дар фаъолияти мақомоти гумруки давлатҳои ИДМ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории байналмиллалии гумрукиро баррасӣ намуданд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






