Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 15.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз, 15 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.
Бар асоси пешгӯии Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр буда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 26-31дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 2-3 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гармӣ пешгӯӣ шудааст.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво шабона ба 13-18 ва рӯзона ба 30-35 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар водиҳо гармии ҳаво шабона 19-24 ва рӯзона 33-38 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе маврид борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 34-39 дараҷа гармӣ пешгӯӣ шудааст.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, гармии ҳаво шабона 16-18 ва рӯзона 36-38 дараҷаро ташкил медиҳад.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






