Изҳороти Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба шарҳу тафсири нодурусти муҳтавои Муроҷиатномаи Шӯрои уламо аз ҷониби баъзе расонаҳои хабарӣ

Июнь 26, 2017 09:55

ДУШАНБЕ, 26.06.2017./АМИТ «Ховар»/. Чанд лаҳза пеш ба мо изҳороти Раёсати Шӯрои уламои  Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шуд, ки ҳоло онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, дуруду салом бар Паёмбари акрам (с) ва бар хонадону ёрони ӯ бод.

Ассалому алайкум бародарони аҳли Ислом. Аввалан ҳамагонро бори дигар ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр табрику таҳният намуда, барои онҳо аз даргоҳи Худованд хушбахтию саодатмандиро таманно менамоем.

Пас аз қабули Муроҷиатномаи Шӯрои уламо роҷеъ ба идгардаки кӯдакон ва риояи одоби рӯзи ид аз ҷониби расонаи хабарии «АЗИЯ  Плюс» оид ба ин мавзӯъ шарҳи  нодуруст баён гардидааст.

Бояд донист, ки мақсади Шӯрои уламо аз қабули ин муроҷиатнома манъи идгардаки кӯдакон набуда, балки беназорат намондани онҳо аз ҷониби волидонашон ва дар ин рӯзи шодию сурур бори гарон нашудан ва ташвиш  нарасонидан ба хонаводаҳои муҳтоҷу ниёзманд ва маъюбу бемордошта мебошад.

Ҳадафи дигари муроҷиатнома ин аст, ки дар рӯзи ид ҳангоми оростани дастурхони идона ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ дода нашавад, балки сарфаву сариштакорона ин амалро анҷом диҳанд.

                                                                       Раёсати Шӯрои уламои

                                                  Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2017 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид