Йога-таҷассумгари ягонагии рӯҳу тан ва ваҳдати инсоният: дар Душанбе 3-юмин Рӯзи байналмилалии Йога таҷлил гардид

Июнь 17, 2017 12:10

ДУШАНБЕ, 17.06.2017 /АМИТ«Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон 21 июн ҳамчун  Рӯзи байналмилалии Йога ҷашн гирифта мешавад. Таҷлил намудани ин рӯз 12 декабри соли 2014 дар ҷаласаи 69-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ ба миён омада, бо ҷонибдории 177 кишвари олам қабул гардидааст.

Ба ин муносибат имрӯз дар шаҳри Душанбе  3-юмин Рӯзи байналмилалии Йога  таҷлил карда шуд, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва вазорату кумитаҳои кишвар иштирок доштанд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош чунин изҳор дошт: «Ин соли сеюм аст, ки дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии Йога ҷашн гирифта мешавад. Сол то сол ҷомеаи  ҷаҳонӣ ба Йога таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Бо ин мақсад дар Сафорати Ҳиндустон дарси махсуси Йога ройгон роҳандозӣ гардидааст. Фалсафаи калимаи Йога маънои онро дорад, ки тибқи ин мафҳум тамоми оламиён ба ҳам наздиктар мешаванд. Фикр мекунам, ки ин мафҳум ба гуфтаи Шайх Саъдӣ: «Бани одам аъзои якдигаранд» алоқамандии зич дорад».

«Йога- таҷассумгари ягонагии рӯҳу тан, зеҳну рафтор ва ваҳдати инсон бо табиат мебошад. Гуфтаҳои бузургвори мо Авасто «рафтори нек, пиндори нек ва гуфтори  нек» низ ба ин фалсафа ҳамоҳанг аст. Машғулият бо Йога, ки варзиш, фалсафа ва санъатро дарбар мегирад, имкон медиҳад, то инсоният худшинос бошад, маърифати худро такмил диҳад, инчунин  бар инсонҳо, миллатҳо ва намояндагони дину мазҳабҳои мухталиф арҷ гузоранд»,- гуфт  муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода.

2017-06-17 08.13.14 _ копия

 

 

Июнь 17, 2017 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад