Конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ

Июнь 24, 2017 11:18

ДУШАНБЕ, 24.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. 23 июни соли ҷорӣ бахшида ба 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорат ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Мавқеи сулҳу ваҳдат дар ҳамбастагии миллӣ” баргузор гардид, ки дар он намоянадагони Академия илмҳо  ва Маркази тадқиқоти стратегӣ, собиқ сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, коршиносони сиёсӣ, олимон ва мутахассисон иштирок намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар конференсия нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот дар Тоҷикистон, дар ташаккули ҳувияти миллӣ, Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили рушди сиёсати хориҷӣ, заминаҳои маънавию фарҳангии ташаккули Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои марбут ба ин санаи таърихӣ баррасӣ шуданд. Аз ҷумла таъкид шуд, ки яке аз муҳимтарин самараҳои Ваҳдати миллӣ ин суботи пойдор ва амнияти давомдор дар сарзамини мост.

Дар робита ба шаклгирии сиёсати хориҷӣ дар он давра табодули назар сурат гирифта, фидокориву ҷоннисориҳои Пешвои миллат дар роҳи истиқрори сулҳу ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мавриди таъкид қарор гирифт.

Дар конференсия зикр шуд, ки пас аз барқарории сулҳу оромиш Тоҷикистон тавонист дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор сохта, дар давоми чанд сол аз як кишвари ҷангзада ба оромтарин кишвари минтақа табдил ёбад ва Президенти мо пешниҳодкунандаву амалисозандаи чандин ташаббусҳои ҷаҳонӣ гардад. Аз ин нуқтаи назар, Ваҳдати миллӣ заминаи асосии ҳифз ва гиромидошти арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ дониста мешавад.

Иштирокдорон Ваҳдати миллиро омили суботи ҷомеа ва нақшофарии кишвар дар арсаи байналмилалӣ хонда, ҳифзи ваҳдату якпорчагиро вазифаи ҳар фарди ҷомеа донистанд.

 

 

Июнь 24, 2017 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид