Корҳои мумфаршкунӣ дар роҳи мошингарди минтакаи Зафаробод-Дӯстӣ оғоз шуданд

Июнь 9, 2017 16:08

ХУҶАНД, 09.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ ва ободонӣ ба ноҳияи Зафаробод сафари корӣ анҷом дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар»  аз хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, раиси вилояти Суғд зимни шиносоӣ бо корҳои кишоварзӣ ва ободонӣ дар ноҳия, ҳамзамон  дар деҳаи Чашмасори ҷамоати ба номи Ҳамид Алиеви ноҳия бо ҷараёни корҳои сохтмони бинои замонавӣ дар назди мактаби рақами 9 барои 240 хонанда дар як баст шинос шуд.

Тавре гуфта шуд, мактаби нав дорои 8 синфхона ва низоми гармидиҳии марказонида буда, он дар арафаи соли нави хониш мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Зимни боздид Раиси вилоят дастур дод, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар гардидани шароити таҳсилу тамрини толибилмон дар мактаб толори варзишӣ бунёд карда шавад.

Дар ин рӯз бо иштироки Раиси вилоят инчунин корҳои мумфаршкунии роҳи Зафаробод-Дӯстӣ оғоз шуданд. Абдураҳмон Қодирӣ зимни шиносоӣ бо корҳо  ба маъулин дастур дод, то пеш аз ҳама ба сифат ва муҳлати иҷрои таъмири роҳ диққат диҳанд, зеро роҳи мазкур барои мардуми ин минтақа солҳои дароз хизмат мекунад.

Бояд гуфт, ки амали мазкур бо ташаббус ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рӯи кор омадааст. Роҳи мазкур маркази ноҳияро бо ҷамоати деҳоти Равшан пайваста, дарозии он ба масофаи 27,6 километр ва паҳноии то 8 метр таъмиру навсозӣ хоҳад шуд.

Фармоишгари сохтмони роҳ Идораи сохтмони асосии вилоят буда, мумфаршкунии онро ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Рахшонсоз» ва «Роҳи обод» ба зимма гирифтаанд.

 

Июнь 9, 2017 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад