Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони №2 кумак расонид
ДУШАНБЕ, 02.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз фазилатҳои неки моҳи шарифи Рамазон хабардор шудан аз ҳоли маризону муҳтоҷон ва ятимону бепарасторон мебошад, ки аҷру савоби бештар дорад ва ин амали солеҳ ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллии мо имрӯзҳо амалӣ мегардад.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино бахшида ба ин моҳи муборак ба 52 нафар тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони №2 шаҳри Душанбе туҳфаҳо, либос ва бозичаҳои бачагона тақдим намуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино Зарина Файзуллозода иброз дошт, ки ин иқдом бо мақсади дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор роҳандозӣ гардидааст. Номбурда изҳори боварӣ кард, ки ин дӯстрӯякон ҳамчун насли нави ояндасоз ба воя расида, бо ташаббусҳои наҷиб нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамонро баланд мебардоранд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар Хонаи кӯдакони №2 имрӯз беш аз 50 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат умр ба сар мебаранд, ки онҳо ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Дар хатми ҷамъомад барои хушҳолии кӯдакон барномаи фарҳангию фароғатӣ бо ширкати ҳунармандони наврас намоиш дода шуд.














«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






