Маҷлиси солонаи саҳмдорони ҶСК «Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти раёсати Сарвазири мамлакат доир гардид

Июнь 9, 2017 13:53

ДУШАНБЕ, 9.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқи обии «Роғун» Қоҳир Расулзода маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «Нерўгоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид, ки дар он 10 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи солона ва ҳисоботи муҳосибавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» дар соли 2016 шунида шуд ва хулосаи аудитории ҷамъияти мазкур барои соли 2016 пешниҳод гардид.

Ҳамчунин дар ҷаласа оид ба зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҷамъият, инчунин илова ба Низомнома дар бораи Шўрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар маҷлис аъзои Шўрои нозирон, Комиссияи тафтишотӣ ва Комиссияи баҳисобгирии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» интихоб гардид ва аудитори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун»  барои соли 2017 ва подошпулии он тасдиқ шуд.

Июнь 9, 2017 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

30 сохтмончии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид
«РОҒУН» — ИФТИХОРИ ҲАР ФАРДИ ТОҶИКИСТОН. Ҳайати Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба тамошои ин неругоҳ рафт
Валиаҳди Шоҳигарии Негери-Сембилани Малайзия: «Таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаи НБО-и «Роғун» шоистаи таҳсин аст»
Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳои баланд дод
Лоиҳаҳои сохтмони НБО-и «Роғун» ва таҷдиди НБО-и «Норак» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
Бо пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшерӣ ба истифода дода шуд
Беш аз 15 ҳазор оилаҳои дар минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» қарордошта бо манзили доимии зист ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд